РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
ЗОКИРЗОДА НУСРАТУЛЛО МЕЛИК

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст....Муфассалтар

Шумораи меҳмонон дар сомона: 28735
Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Донишкадаи исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нуъмон ибн Собит:

        Муассисаи давлатии Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо Қарори № 547 дар таърихи 2-юми ноябри соли 2007 расман таъсис ёфтааст. Соли 2009 ба муносибати соли бузургдошти Имоми Аъзам-Абӯҳанифа бо Қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит номгӯзори карда шуд.

       Донишкада аз рӯзҳои аввал, фаъолияти хешро барои баланд бардоштани савияи таълим ва ҷавобгуи меъёрҳои донишгоҳӣ равона сохт. Донишкада аз соли 2007 узви комилҳуқуқи Иттиҳоди донишгоҳҳои исломӣ мебошад.

        Донишкада фаъолият ва ҳамкории худро бо Кумитаи оид ба корҳои дин, танзи ми анъанаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

     Тарзи гузаронидани имтиҳоноти ниҳои бо таъсис додани комиссияи имтиҳоноти ниҳои аз намояндагони зерин: Кумитаи дин, Академияи улуми ҷумҳурӣ, Маркази исломӣ ва устодони ДИТ ба роҳ монда мешавад.

        Имрӯз дар донишгоҳи мазкур 2 факулта- Улуми исломӣ ва Филологияи шарқ ва 7 кафедра амал мекунад. Таълим дар Донишкада дар доираи мазҳаби Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ҷараён мегирад.

       Донишкада дорои китобхона,  толори мутолиъаи китобҳо, толори калони маҷлис, маркази омӯзиши компютерӣ пайваст ба шабакаи интернет, кабинетҳои махсуси омӯзиши забонҳои русӣ,  арабӣ ва англисӣ ва маркази тестӣ мебошад. Айни замон дар донишкада мазкур донишҷӯён тарқи қабул аз тарафи Маркази миллии тестӣ таҳсил мекунанд. 

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИОМӮЗ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа ©2018. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.